Зимни мулоқоти муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалов бо сафири Гурҷистон дар Тоҷикистон Константин Жгенти масъалаи истифодаи бандари Потӣ аз ҷониби Тоҷикистон барои ҳамлу нақли бор баррасӣ шуд.
Тавре аз Вазорати нақлиёти ҷуҳурӣ иттилоъ доданд, дар рафти вохӯри масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт, аз қабили транзити борҳо тариқи роҳи оҳан ба порти Потӣ ва коридори ТРАСЕКА мавриди баррасӣ қарор гирифт.
«Ширкатҳои Тоҷикистон тариқи бандари Потӣ кайҳост, ки кор мекунанд. Тавассути он асосан транзити алюминий аз Тоҷикистон ба Аврупо ва воридоти гилхок барои истеҳсоли алюминий сурат мегирад. Айни замон ин коридор барои кор бештар қобили қабул аст», - гуфтанд дар вазорат.
Ба барномаи ТРАСЕКА 8 кишвар – Гурҷистон, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон шомиланд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста