Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» аз 25-уми июн парвози ҳавопаймоҳо бо хатсайри Душанбе – Теҳронро ду маротиба дар як ҳафта анҷом медиҳад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ширкати мазкур хабар дод, парвозҳо ба Теҳрон рӯзҳои чоршанбе ва якшанбеи ҳафта сурат мегиранд. «Қаблан «Тоҷик Эйр» танҳо рӯзи якшанбе парвоз ба Теҳронро анҷом дода, ширкати ҳавопаймоии эронии «Осмон» ду маротиба парвоз аз Машҳад ва як маротиба аз Теҳрон ба Душанберо анҷом медод. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд ширкати «Осмон» танҳо парвоз аз Машҳад ва «Тоҷик Эйр» ду маротиба дар як ҳафта парвозҳо ба Теҳронро таъмин мекунанд», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки ҳамин тариқ, парвозҳо миёни Тоҷикистону Эрон 4 маротиба дар як ҳафтаро ташкил медиҳанд. Қаблан раҳбарони ҳарду кишвар ҷонибдори роҳандозии парвози ҳамарӯзаи ҳавопаймоҳо миёни кишварҳо буданд, вале бо мусофирон таъмин набудани ин хатсайр амалӣ шудани ин нақшаро бозмедорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста