Пресс кафе оид ба масъалаҳои рушди кластери ғизоӣ дар Тоҷикистон, 11 июни соли 2014 аз соати 14.00 то 16.30 дар конфронс зали Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Чорабинии мазкурро Ассотсиятсияи миллии соҳибкори хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти байналхалқии ғайридавлатии австриягии Hilfswerk Austria International дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Рушди иқтисодиёт дар Осиёи Марказӣ тавассути пешбарии ташкилотҳои тиҷоратии миёнарав (ТТМ) ва корхонаҳои хурду миёна (КХМ) дар соҳаи саноати хӯрокворӣ», ки дар доираи барномаи «Осиёи Марказӣ – Инвест III» - и Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шудааст, ташкил карда мешавад.
Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд, мақсади чорабинии зайл аз баланд бардоштани огоҳии аҳли омма оид ба сафари омӯзишии гурӯҳи мутахассисони Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Австрияи Боло барои омӯзиши кластери ғизоӣ иборат мебошад. Оид ба фаъолияти дар якҷоягӣ бо шарикон ба анҷом расонида ва қадамҳои ба нақша гирифташуда оид ба ворид намудани донишҳои ба даст оварда шуда дар сохтори коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ҳам аз натиҷаи фаъолияти лоиҳа ва ҳам аз вазифаҳои аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паём ба Маҷлиси Олӣ аз 23 апрел сарчашма мегирад.
Дар фаъолияти Пресс-кафе кормандони мутасаддии сохторҳои давлатии мувофиқ, намояндагони бахши хусусӣ, мактабҳои олӣ, мутахассисон ва роҳбарони иттиҳодияҳои соҳибкорӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии ҳавасманд, ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок менамоянд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста