Зимни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва санаоти Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид бо президенти Палатаи савдо ва саноати Латвия Аигарс Ростовскис масъалаҳои роҳандозии ҳамкориҳои судманду пурсамар миёни палатаҳо, муколамаи иттилоотӣ миёни сохторҳои тиҷоратии кишварҳо баррасӣ шуданд .
Шариф Саид таваҷҷуҳи ҳамсуҳбати худро ба самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар бахшҳои гидроэнергетика, саноати кӯҳкорӣ, сабук, нақлиёт, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, сохтмон, телекоммуникатсия ва алоқа, индустрияи дорусозӣ, сайёҳӣ ва ғайра ҷалб намуд. «Дар Тоҷикистон муҳит ва имконоти мусоиди сармоягузорӣ фароҳам оварда шуда, вазъи устувори сиёсӣ побарҷост», - гуфт ӯ.
Раиси ПСС Тоҷикистон ба Аигарс Ростовскис ташкили намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ ва технологияҳои нави Латвия дар Душанбе ва ҳамчунин баргузор кардани ҳамоиши тиҷоратии доираҳои соҳибкории Латвия ва Тоҷикистонро пешниҳод намуд.
Дар навбати худ Аигарс Ростовскис зикр кард, ки Латвия яке аз шарикони муҳими Тоҷикистон дар Аврупо буда, ҳамкориҳои ду кишвар дорои асоси боэътимоди ҳуқуқӣ мебошанд. «Миёни кишварҳо як қатор созишномаҳо, аз ҷумла дар бахшҳои савдо ва саноат, сармоягузорӣ, андозбандӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, сайёҳӣ, фарҳанг, илм ва маориф ба имзо расида, миёни Тоҷикистону Латвия низоми мусоидати бештар дар соҳаҳои савдо, иқтисод ва саноат амал мекунад», - иброз дошт ӯ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста