Дар шаҳри Душанбе бо иштироки соҳибкорони Тоҷикистону Латвия ҳамоиши тиҷоратӣ баргузор шуд.
Зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зикр кард, ки ин вохӯрӣ барои табодули афкор ҷиҳати роҳандозии ҳамкории минбаъда муҳим буда, дар Тоҷикистон барои сармоягузорӣ ва рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногун тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд.
Президенти Латвия Андрис Берзинш изҳор намуд, ки ин ҳамоиши тиҷоратӣ барои роҳандозии робитаҳои нав миёни соҳибкорони ҳарду кишвар, ки шуморашон аз ҷониби Латвия 50 нафарро ташкил медиҳад, заминаи зарурӣ муҳайё месозад.
«Соҳибкорони тоҷик барои мо бегона нестанд ва гувоҳи ин гуфтаҳо фаъолияти як корхона дар Латвия бо иштироки сармояи Тоҷикистон аст. Дар муносибат бо Тоҷикистон мо ба имкони рушди роҳҳои нақлиётӣ тариқи қатораи контейнерии Балтика – транзит ва Шабакаи Шимолии таҳвил таваҷҷуҳ медиҳем, ки метавонад минтақаи баҳри Балтикаву Иттиҳоди Аврупоро бо Осиёи Марказӣ пайваст намояд», - зикр кард ӯ.
Дар навбати худ вазири рушди иқтисоди Латвия пешниҳод намуд, ки дар роҳандозии ҳамкориҳо миёни кишварҳо ба бахшҳои дорусозиву коркарди синтез, таъсиси корхонаҳои дӯзандагиву бофандагӣ ва рушди сарчашмаҳои алтернативии энегия мебояд афзалият дод. «Тайи 35 соли ахир мо ба роҳандозии муносибатҳои судманд бо кишварҳои Аврупо муваффақ шудем ва воқеъан ҳам метавонем миёни Ғарб, Шарқ ва Осиё як пуле бошем», - афзуд номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста