Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» шумори парвозҳо аз Душанбе ба шаҳрҳои Новосибирск, Екатеринбург ва Санкт-Петербурги Русияро зиёд мекунад.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз ҶСК «Тоҷик Эйр» иттилоъ доданд, аз 24-уми июн парвозҳо тариқи хатсайри Душанбе-Новосибирск-Душанбе, ки қаблан як маротиба дар рӯзи шашуми ҳафта сурат мегирифтанд, ду маротиба дар як ҳафта рӯзҳои сешанбе ва шанбе анҷом дода мешаванд. Арзиши билет ба як самт аз 180 евроро ташкил медиҳад.
«Аз 1-уми июл ба хатсайри Душанбе-Екатеринбург-Душанбе (рӯзҳои чоршанбе ва шанбе) ва аз 9-уми июл ба хатсайри Душанбе-Санкт-Петербург-Душанбе (рӯзҳои чоршанбе ва шанбе) низ як парвози иловагӣ роҳандозӣ мешавад. Арзиши билет ба як самт дар ҳарду хатсайр аз 240 евроро ташкил дода, парвозҳо тавассути ҳавопаймоҳои Боинг 737 ва 757 анҷом дода мешаванд», - гуфтанд дар ширкати ҳавопаймоӣ.
Зимнан зикр гардид, ки ояндаи наздик ширкати «Тоҷик Эйр» ният дорад, ки парвозҳо тариқ хатсайри Хуҷанд-Новосибирск-Хуҷандро низ то ду парвоз дар як ҳафта зиёд кунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста