Мутахассисони ҶСК «Турбоатом» моҳи май корҳои ивазу насби таҷҳизот дар нерӯгоҳи Норак (истгоҳии №3)-ро ба итмом расониданд.
Чӣ тавре ки дар сомонаи ҶСК «Турбоатом» иттилоъ дода мешавад, таҷхизоти ғалақа (гидрозатвор)-и курашакл муддати беш аз 40 сол дар нерӯгоҳ кор карда, захираҳои коршоямиаш ба охир расида буданд.
Зикр мегардад, ки интиқоли ин таҷҳизот хеле мушкил аст, зеро бори хеле бузургҳаҷм ва вазнаш 600 тоннаву диаметри гузаришаш 4,2 метр мебошад. «Аз ин рӯ, тасмим гирифта шуд, ки ҳамаи корҳо бевосита дар нерӯгоҳ ба иҷро расонида мешаванд. Тамоми корҳои таъмир ним сол идома ёфта, ҳамзамон чархаи кориии гидротурбина низ иваз карда шуд», - гуфта мешавад дар иттилои корхона.
Ба қавли тарроҳ оид ба гидротурбинаҳо Александр Линник, то ҳол касе дар шароити бевосита дар нерӯгоҳ ба ин монанд кореро анҷом надодааст. «Барои мо ин таҷрибаи нахуст ва муваффақ ҳам аст. Ин чорабиниҳо ба беҳбуди эътимонокии истифодаи таҷҳизот равона гардида, бехатарии минбаъдаи фаъолияти нерӯгоҳро таъмин мекунанд», - иброз доштааст номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста