- Президент ва ҳукумати Тоҷикистон чандин маротиба ҷонибдориашон ба ҳамкории энергетикӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳонро изҳор дошта, амалан онро тасдиқ мекунанд, - изҳор дошт дар конфронси минтақавӣ оид ба табодули таҷриба дар бахши ҳамкории энергетикӣ муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим.
«Мо умедворем, ки оғози табодули назари кушод оид ба ин масъала ба тадриҷан наздикшавии мавқеъи ҳамаи ҷонибҳо доир ба вазъи воқеӣ дар ин бахш мусоидат намуда, ба дипломатияи энергетикӣ ҷиҳати дарёфти созиш миёни ҷонибҳои муколама имкон фароҳам меорад», - қайд кард ӯ.
Азим Иброҳим зикр кард, ки ҳукумати Тоҷикистон ташаббуси соли 2015 дар Тоҷикистон таъсис додани «Маркази дипломатияи энергетикӣ» таҳти сарпарасии ҳукумати ҶТ ва дастгирии Дафтари САҲА-ро дастгирӣ мекунад.
Зимни суханронӣ дар конфронс роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон Маркус Мюллер таҳкими амнияти энергетикиро яке аз вазифаҳои асосӣ ва мушкилот дар минтақаи Осиёи Марказӣ унвон карда, зарурати ҳалли он дар солҳои наздикро таъкид намуд.
«Агар ба таърихи минтақаи Осиёи Марказӣ нигарем, шоҳиди он мешавем, ки низоми тақсимоти об ва энергия тамоман дар заминаи дигар бунёд шуда буданд. Вақте кишварҳои ОМ ҷудо гардида, давлатҳои алоҳида таъсис дода шуданд, ҳар кадоме ба тақсимоти обу энергия тибқи низоми худ оғоз кард, ки аз ин ҷо мушкилот пайдо шуд. Дар ин соҳа ҳамкорӣ зарур аст. Таври маълум, мушкилоти сиёсӣ ё таҳдиду чолишҳо аксаран ба ҳаллу фасли ин мушкилот монеъа эҷод мекунанд», - зикр кард ӯ.
Дар ҷараёни конфронс ба масоили марбут ба беҳбуди муҳити сармоягузорӣ дар бахши энергетика, истеҳсолот, қарордодҳо оид ба транзит ва ҳамчунин моделҳои муваффақ барои рушди ҳамкории байнулмилалӣ дар соҳаи энергетика, аз ҷумла масъалаҳои сарчашмаҳои барқароршавандаи энергетика таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста