Ширкати истихроҷи тиллои Yintai Yuancheng Gold дар бораи тавофуқ ҳосил шудан бо ширкати кӯҳкории «Апрелевка хабар медиҳад. 51%-и саҳмияи ин ширкат ба ҳукумати Тоҷикистон тааллуқ дошта, дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба истихроҷи маъдани тилло машғул аст.
Бино ба маълумоти як қатор васоити ахбори умумии чинӣ, ин ширкат ба коркарди конҳои фулузоти қиматбаҳо мепардозад, ки КМ «Апрелевка» ба онҳо иҷозатнома дорад. «Дар навбати аввал ин ба афзоиши сармояи муомилотии корхона, анҷоми иктишофи захираҳо дар кон ва зиёд кардани ҳаҷми истеҳсолотм дахл дорад», - зикр мегардад дар маълумотҳо.
Созишнома бо забони чинӣ дар сомонаи www.cninfo.com.cn чоп шуда, дар он қайд мешавад, ки ширкати чинӣ барои таҷдиди корхона, тавсеъаи иқтидорҳои истеҳсолӣ ва ҳамчунин баргузор намудани корҳои иктишофӣ-геологӣ бо мақсади афзоиши майдонҳои ояндадори маъдани тилло чандин миллион доллар сармоягузорӣ мекунад.
Қобили зикр аст, ки ахири моҳи апрел зимни вохӯрии вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бобозода бо намояндагони ширкатҳои Yantai Yuancheng Gold Co. Ltd. и Shandong Gold Mining Co. Ltd.-и Чин дар Душанбе масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи саноати истихроҷи маъдани тилло баррасӣ шуданд.
Заминаи ашёи хоми корхона конҳои Апрелевка, Қизил-Чеку, Бургунда, Инкиҷелон ва дигар конҳои хурд мебошанд. Маъдан бо тарзи кушода истихроҷ мешавад. Зимни коркарди он хӯлаи тиллову нуқра ҳосил мешавад. Иқтидори миёнаи истеҳсолии корхона ба истихроҷи 180 ҳазор тонна маъдан дар як сол баробар аст.
Маҳсулоти асосии корхона хӯлаи тиллову нуқраи «Доре» мебошад, ки минбаъд дар корхонаи «Востокредмет» то тиллои кимиёвии тозаи озмоиши баландтарин (999,9) ва нуқраи озмоиши 999,5 коркард мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста