Нимаи дуюми рӯзи 24-уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар анҷумани соҳибкорони бонуфузи Тоҷикистону Малайзия иштирок ва суханронӣ намуд.
Бино ба иттилои хадамотиматбуоти сарвари давлат, дар анҷумани соҳибкону тоҷирони Тоҷикистону Малайзия наздики 300 нафар аз ду ҷониб иштироки фаъол доштанд.
Анҷуманро Вазири тиҷорати байналмилалӣ ва саноати Малайзия доктор Мустафо Муҳаммад ифтитоҳ намуда, суханро ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дод.
Президенти кишвар шахсан ва бевосита имконоти васеи ташкил ва густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро муаррифӣ намуд. Тавре зикр гардид, танҳо аз ҷониби сохторҳои давлатии Тоҷикистон беш аз 400 лоиҳаи сармоягузорӣ омода ва пешкаш гардидааст, ки хеле судоваранд. Лоиҳаҳои зиёди дигар ҳамчунин аз ҷониби сохторҳои сершумори соҳибкорию тиҷоратии хусусӣ таҳия шуда, интизори сармоягузорӣ ва татбиқи босамар мебошанд. Фазои сиёсӣ ва ҳуқуқии сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар Тоҷикистон сол ба сол беҳтару ҷолибтар мешавад.
Зимни анҷуман ҳамчунин соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Малайзия мулоқоту гуфтушунидҳои зиёди рӯ ба рӯ анҷом дода, робитаҳои мустақим барпо намуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста