Вазири нақлиёти Тоҷикистон Хайрулло Асозода бевосита бо рафти сохтмони роҳҳои мошингард дар ҷумҳурӣ шинос шуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти ҶТ хабар доданд, шиносоии Асозода бо сохтмони роҳи автомобилгарди Данғара-Кангурт оғоз гардида, сипас ӯ аз роҳи мошингарди Восеъ – Ховалинг ва сохтмони пули мошингузарои Кафтархон боздид кард.
Ба иттилои манбаъ, вазир ва ҳайати ҳамроҳони ӯ бо ҷараёни таъмиру сохтмони қитъаҳои роҳҳои мошингради Душанбе-Хоруғ, Ванҷ – Дарвоз, Хоруғ – Қулма ва Лабиҷар – Нуробод низ аз наздик ошно гардиданд.
«Дар маҷмӯъ вазир аз ҷараёни сохтмони роҳҳои автомобилгард дар кишвар қаноатманд шуда, бо роҳсозон ва раҳбарони лоиҳаҳои сохтмони роҳҳо суҳбат кард. Ошкор шуд, ки дар баъзе қитъаҳо камбуди техникаи сохтмонӣ ҷой дорад. Дар ин робита дастур дода шуд, ки мувофиқи имкон ин қитъаҳо бо техникаи зарурии сохтмон таъмин карда шаванд», - гуфтанд дар вазорат.
Зимнан зикр гардид, ки Хайрулло Асозода кори қаноатбахши роҳсозон дар қитъаҳои роҳи мошингарди Нурбоду Файзобод ва Ваҳдатро махсус таъкид кард. «Ба ҳарчи зудтар анҷом додани корҳои таъмиру сохтмон дар роҳи мошингарди ноҳияи Кӯхистони Мастчоҳ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд», - афзуд манбаъ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста