Маблағи умумии лоиҳаҳои Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) ва Бонки осиёгии рушд (БОР), ки дар Тоҷикистон амалӣ мешаванд, дар маҷмӯъ 1,9 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, зимни нӯҳумин Шарҳи Муштараки маҷмӯии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, БОР ва БҶ дар Кохи Ваҳдати пойтахт зикр гардид, ки 1,2 млрд. $ ё 61 фоизи он ба БОР ва 743 млн. доллари ИМА ё 39 фоизи он ба Бонки умумиҷаҳонӣ рост меояд.
«Аз соли 1998 то ба имрӯз аз ҷониби бонкҳои мазкур дар маҷмӯъ маблағгузории қариб 110 лоиҳа дастгирӣ ёфта, татбиқи қисми зиёди онҳо таъмин гардидааст. Ба ҳолати 1 июни соли 2014 бошад, маҷмӯи лоиҳаҳои амалкунандаи БОР аз 11 лоиҳаи қарзию грантӣ ба маблағи 570,97 млн. доллари америкоӣ ва БҶ аз 13 лоиҳаи қарзию грантӣ ба маблағи 213,84 млн. доллари ИМА иборат аст ва бояд қайд намуд, ки 83,3%-и маблағҳои БОР-ро маблағҳои грантӣ ташкил дода, аз БҶ бошад, 88,5% маблағҳои грантӣ мебошанд», - қайд мешавад дар маълумоти Кумитаи мазкур.
Гуфта мешавад, ҳадафи асосии гузаронидани чунин шарҳ аз он иборат аст, ки таҳлили раванди татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории бонкҳои мазкур, проблемаю мушкилотҳое, ки дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҷой доранд, бартараф карда шаванд.
Зимнан зикр мегардад, ки дар сохтори Маҷмӯи лоиҳаҳои амалкунандаи бонкҳои мазкур маблағҳои ҷудогардида барои рушди соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, обтаъминкунӣ, маориф, тандурустӣ ва идоракунии давлатӣ сафарбар карда шудаанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста