Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли семент дар Тоҷикистон 496,6 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 473 ҳазор тонна зиёдтар аст.
Аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки пешсафи истеҳсоли семент дар кишвар ширкати «Хуксаин Ғаюр семент» мебошад, ки 362,8 ҳазор тонна аз ҳаҷми умумии истеҳсол ба ҳиссаи ин ширкат рост меояд. «Дар ин давра «Тоҷиксемент» 101,6 ҳазор тонна семент истеҳсол карда, дар истеҳсоли ҳиссаи боқимондаи ин масолеҳи сохтмон корхонаҳои хурди ҷумҳурӣ саҳм гузоштанд», - гуфтанд дар вазорат.
Ба иттилои манбаъ, дар «Тоҷиксемент» алҳол ду оташдони ба истифодаи ангишт ба сифати сӯзишворӣ гузаронидашуда кор мекунанд. «Дар ин корхона 6 оташдон мавҷуд буда, раҳбарияти корхона дарк мекунад, ки барои пурра ба истифодаи ангишт ба сифати сӯзишворӣ гузаронидани тамоми оташдонҳо таҷдиду азнавсозии пурраи корхона зарур буда, айни замон баҳри ин тадбирҳо андешида мешаванд», - гуфт манбаъ.
Қобили зикр аст, ки соли 2013 дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 385 ҳазор тонна семент истеҳсол крада шуд ва ин ҳам дар ҳолест, ки талаботи солонаи ҷумҳурӣ ба ин масолеҳои сохтмон беш аз 1,5 млн. тоннаро ташкил медиҳад. Камбуди семент аз ҳисоби воридоти он асосан аз Покистон, Афғонистон, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон бароварда мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста