Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Шабакаҳои барқи ҷанубӣ» ба сохтмони зеристгоҳи 110/35/10 кВ дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳусни оғоз бахшиданист.
Мутобиқи қарори ҳукумат, барои сохтмони зеристгоҳи мазкур 1 гектар замин (обёришаванда)-и хоҷагии деҳқонии «Наврӯз»-и шаҳри Қӯрғонтеппа ҷудо карда шуд.
Мувофиқи моддаи 42-и Кодекси замини Тоҷикистон, бо мақсади азхудкунии заминҳои нав ба ивази замини ҷудошуда, ҶСК «Шабакаҳои барқи ҷанубӣ» ба ҷуброни маблағи 108 ҳазору 567 сомонӣ ба буҷети кишвар ба сифати воситаҳои рӯёнида аз талафоти истеҳсолоти кишоварзӣ уҳдадор аст. «Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон ба ворид намудани тағйирот ба ҳуҷҷатҳои замину кадастр вазифадор карда мешавад», - зикр мегардад дар қарори ҳукумат.
Бино ба маълумоти ШСХК «Барқи тоҷик», ҶСК ««Шабакаҳои барқи ҷанубӣ» дар ноҳияҳои Хуросон, Румӣ, Бохтар, Сарбанд, Шаҳритӯс, Носири Хусрав, Қумсангир, Панҷ, Вахш, Қубодиён, Ҷиликӯл ва Ҷомии вилояти Хатлон ба тақсим ва фурӯши нерӯи барқ машғул мебошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста