Майдони фарогири малах дар Тоҷикистон ахири ҳафтаи гузашта ба ҳудуди 75 ҳазор гектар расид.
Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, айни замон дар майдони наздики 70 ҳазор гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида шуда, феълан баҳри мубориза бо паҳншавии малах миқдори зиёди техника ва қувваи корӣ сафарбар шудааст.
Ба иттилои манбаъ, паҳншавии малах бештар дар ноҳияҳои Ҷиликул, Хуросон, Вахш, Данғара, Ҷ.Румӣ, Бохтар, Қубодиён, Фархор, Қумсангир, Шаҳритуси вилояти Хатлон, Зафаробод, Мастҷоҳ, Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Ғончии вилояти Суғд, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Турсунзода ва Варзоб мушоҳида мегардад.
«КВД «Мубориза бо малах» бо мақсади муқовимати бештар пурсамар бо паҳншавии малах ба ин ноҳияҳо беш аз 30 тракторҳо дорупошӣ фиристод», - гуфтанд дар вазорат.
Зимнан зикр гардид, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта майдони фарогири ин ҳашароти зараррасон тақрибан ба миқдори 30 ҳазор гектар коҳиш ёфтааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста