Ҳайати ширкати Huahe International-и Чин бо мақсади омӯзиши имконоти бозор ва роҳандозии ҳамкориҳо бо соҳибкорон ба Тоҷикистон омад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ), рӯзи ҷумъаи ҳамин ҳафта президенти ширкати Huahe International Лю Чуану бо раиси ПСС ҶТ Шариф Саид мулоқот анҷом дод. Дар вуохӯрӣ ҳамчунин раиси Ассотсиатсияи хоҷагиҳои фермерии Тоҷикистон Азизбек Шарифов ва корманди ширкати «Сомон Капитал» Муборакшо Махшӯлов низ ҳузур доштанд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои иқтисодии байни кишварҳо, масоили марбут ба муҳити сармоягузорӣ ва имкони рушди минбаъдаи онҳоро баррасӣ намуданд.
«Ширкатҳои чинӣ талош доранд, ки ба бозорҳои нав роҳ ёбанд, - изҳор дошт Лю Чуану. – Дар Тоҷикистон истеҳсолоте мавҷуда аст, ки соҳибкорони Чин ба он таваҷҷуҳ доранд ва дар ин бахш метавонанд ҳамкориро ба роҳ монанд. Масалан, соҳибкорони Чин ба бахшҳои саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, сабук, хӯрокворӣ, дӯзандагиву бофандагӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷуҳ доранд».
Раиси ПСС ҶТ зикр кард, ки татбиқи амалии лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ба рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Чин мусоидат мекунад, то ки ҳамкориҳо ба сатҳи сифатан нав бароварда шаванд. «Албатта, ин ба шаклҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин низ тақвият мебахшад», - афзуд Шариф Саид.
Huahe International – ширкати махсуси хизматрасонии сармоягузориву консалтингӣ ба корхонаҳои Чин ва хориҷӣ аст. Он дар шаҳри Урумчӣ сабти ном шуда, ба роҳёбии истеҳсолкунандагони Чин ба бозорҳои беруна мусоидат ва ба дарёфти шарикони хориҷӣ ва саҳмгузорӣ ба таъсиси корхонаҳои муштарак кумак мекунад. Huahe International ҳамчунин ба ширкатҳое, ки дар бозори Чин майли фаъолият доранд, низ кумаку мусоидат мекунад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста