Барои таъмири асосии бинои ҳукумати вилояти Хатлон 3,3 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.
Чуноне сардори идораи сохтмони асосии вилояти Хатлон Раҳматулло Худойназаров зимни як нишасти матбуотиаш иброз дошт, сметаи хароҷоти таъмири асосии бинои ҳукумати вилоят беш аз 6 миллион сомониро ташкил медиҳад, аммо дар марҳилаи аввал 3,3 миллион сомонӣ барои таъмири бинои аввал ихтисос гардидааст, ки мувофиқи нақшаи пешбинишуда, бояд ин бино дар арафаи Рӯзи Истиқлолияти кишвар, 9-уми сентябр аз таъмир бароварда шуда, дар марҳилаи дуюм бинои дигари ҳукумат мавриди таъмир қарор хоҳад гирифт.
«Бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳанӯз даврони шӯравӣ сохта шудаву то ба имрӯз таъмири асосиро надида буд. Баъди таъмири асоси намуди бино куллан таъғир меёбад. Ҳамчунин барои он маркази ягонаи гармидиҳӣ сохта мешавад. Илова бар ин, кормандони ҳукумат бо мизу курсиҳои замонавӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ таъмин хоҳанд шуд» - афзуд Худойназаров.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста