Сармояи оинномавии Ҷамъияти саҳҳомии кушода (ҶСК) «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» дар ҳаҷми 12 млрд. сомонӣ муқаррар карда шуд.
Тавре аз ҶСК «НБО Роғун» иттилоъ доданд, дар маҷлиси навбатии умумии солонаи саҳҳомони ҶСК «НБО Роғун», ки рӯзи 28-уми июн дар шаҳри Душанбе доир гардид, дар ин бора қарор қабул шудааст.
Қобили зикр аст, ки тибқи иттилои қаблӣ, моҳи январи соли 2014 ҳаҷми сармояи оиннномавии ҶСК «НБО Роғун» 6 млрд. сомонӣ (1,2 млрд. $)-ро ташкил дода буд.
Ба иттилои манбаъ, дар маҷлис ҳамчунин қарор шудааст, ки аудити молиявии ҶСК «НБО Роғун» дар давраи солҳои 2013-2014-ро ширкати «Делойт и Туш» ба маблаги 320 ҳазор сомонӣ (беш аз 54 ҳазор $) анҷом медиҳад.
Ҳамчунин масъалаи интихоби аъзои Шӯрои нозирони ҶСК «НБО Роғун» низ баррасӣ шуда, ҳайати Шӯрои нозирон тағйир нафётааст. Қоҳир Расулзода, Саидов Давлаталӣ Шомаҳмадович, Азим Иброҳим, Қурбонов Абдусалом Каримович, Шариф Раҳимзода, Менглиев Рустам Шомуродович, Усмонов Усмоналӣ Юнусалиевич, Қодири Қосим, Комилов Абдувалӣ Ҳакимович, Сафаров Хайрулло Амиралиевич, Ахмедов Ҷамшед Ҷалолович, Юсупов Қурбоналӣ Қувватович ва Неъматов Муқим Мамадҷонович аъзои Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» интихоб шуданд.
Қобили зикр аст, ки маҷлиси умумии нахустини солонаи саҳҳомони ҶСК «НБО «Роғун» 26-уми майи соли 2011 ва маҷлиси ахири пеш аз ин маҷлиси саҳҳомони он 15-уми июни соли гузашта баргузор гардида буд. Моҳи январи соли 2010 дар Тоҷикистон маъракаи фурӯши саҳмия ва сертификатҳои ҶСК «НБО «Роғун» оғоз гардид. Ба суратҳисоби ҷамъият, ки дар Вазорати молия ва бонкҳои ҷумҳурӣ кушода шуданд, аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳо ва сертификатҳои онҳо 804,7 млн. сомонӣ ва ба сифати кӯмаки молиявӣ 28,8 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста