Директори генералии ширкати Шан Жо-и Хитой Бян Сон Лиин зимни мулоқот бо раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед аз сармоягузории ин ширкат дар иқтисоди вилоят сӯҳбат намуда, гуфт, ки ҳадаф дорад дар ин минтакаи кӯҳистонӣ бо ихтисос додани 600 миллион доллари амрикоӣ корхонаи тавлиди семент бунёд кунад.
Бино ба иттилои газетаи вилоятии иттилоотиву таҳлилии «Импульс» , ӯ гуфтааст, тадқиқотҳои илмӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки барои истеҳсоли ин маҳсулот дар вилоят захираи кофии ашёи хом мавҷуд аст. Мутобиқи нақшаи қаблӣ корхонаи мазкур дар як шабонарӯз то 3 ҳазор тонна семент тавлид мекунад.
Ба иттилои манбаъ, ҷаноби Бян Сон дар сӯҳбат бо раиси вилоят дар бораи ширкати худ низ маълумоти мухтасар ироа дошта гуфтааст, ки кароргохи ширкати онҳо дар шаҳри Гонконги Хитой мустақар аст ва бештар аз чор сол боз дар татбиқи баъзе аз лоиҳаҳо саҳм мегузорад.
Гуфта мешавад, раиси вилоят Шодихони Ҷамшед аз ҳамкории мутақобилан судманд бо ин ширкати бонуфуз изҳори омодагӣ намуда, иброз доштааст, ки сарвари давлат аз соҳибкории истеҳсолӣ ҳамаҷониба пуштибонӣ карда, барои ин соҳа имтиёзҳо низ додааст.
Зимнан зикр мегардад, ки дар поёни ин мулоқот байни роҳбарияти ВМКБ ва ширкати Шан Жо-и Ҷумҳурии Мардумии Чин як қатор шартномаҳо ба имзо расиданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста