Тайи як соли ахири молиявӣ, ки санаи 30-юми июни соли 2014 ба итмом расид, Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) ба кишварҳои Аврупо ва минтақаи Осиёи Марказӣ (ОМ) ҳудуди 12 млрд. $ маблағ ҷудо кард. Дар ин бора хадамоти матбуоти Бонки ҷаҳонӣ хабар медиҳад.
Воситаҳо ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва таъмини рушду некӯаҳволии ҳамагонӣ аз ҳисоби баланд бардоштани мизони даромади қишри бештар камбизоати аҳолӣ дар кишварҳои минтақа равона шуданд.
Дар ин давра оид ба пешниҳоди хизматгузориҳои машваратӣ ба маблағи 45 млн. доллари ИМА 33 созишнома ба имзо расид. Дар созишномаҳо мусоидати техникӣ ба ислоҳот дар бахшҳои таъмини нафақа ва маориф, идоракунӣ ба бахши давлатӣ ва баланд бардоштани имконоти ниҳодӣ, тарҳрезӣ ва идоракунии сармоягузориҳо ба зербино ва ҳамчунин дигар соҳаҳо пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин Бонки ҷаҳонӣ дар такмили низоми тандурустӣ ба Тоҷикистону Молдова ва Ӯзбекистон кумак расонида, барномаҳои рушди ҷамоатҳои маҳаллӣ дар Қирғизистону Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад.
Ғайр аз ин, имсол Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ миқёси кумакҳо бо мақсади устувории иқтисод дар Украина ва дастгирии пешниҳоди хизматгузориҳои муҳимтарини давлатӣ ба аҳолиро зиёд кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста