Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои санҷиш қарзи ширкати Babilon-mobile аз пардохти маблағҳои андозро ошкор намуд.
Зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатов дар ин робита изҳор намуд, ки бо назардошти ҷарима ва дигар пардохтҳо )аз ҷумла ҷаримаи аҳдшиканӣ ё пеня) қарзи умумии Babilon-mobile аз андоз 341 млн. сомониро ташкил дода, ин маблағи ошкоршуда баҳсӣ аст, зеро ширкат қарзро эътироф накарда, аз пардохти он саркашӣ дорад.
«Қарзи асосӣ дар давраи аз соли 2011 ба вуҷуд омадааст. Зимни санҷиш ошкор шуд, ки ширкат меъёрҳои қонунгузории зиддиинҳисориро риоя накарда, ҳангоми хизматгузорӣ ба мизоҷон аз тарифҳое, ки бо Агентии зиддиинҳисории кишвар мувофиқа нашуда буданд, истифода кардааст. Ҳаммаи ширкатҳои пешрафта дар бозор тарифҳоро бояд бо Агентии зиддиинҳисорӣ мувофиқа намоянд. Ширкат дидаву дониста мизони даромадро аз будаш пасттар нишон додааст», - гуфт ӯ.
Давлатов зикр кард, ки ширкати Babilon-mobile бо маблағи қарзи ошкоршуда мувофиқ набуда, тасмим гирифтааст, ки ба суд муроҷиат кунад ва ояндаи наздик муроҷиати онҳо баррасӣ мешавад.
«Мо ба мавқеи ягона расида натавонистем ва онҳо пардохти маблағи қарзро рад намуданд. Мо ба вохӯрӣ дар суд бо онҳо омодаем. Ба иҷрои ҳама гуна қарори суд мо уҳдадорем. Шояд суд қарор мекунад, ки ҳаҷми қарз коҳиш дода шавад ва шояд ба чунин хулоса наояд», - зикр кард раиси Кумитаи андоз.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста