Комилан ба итмом расидани сохтмони роҳи оҳани Душанбе – Ваҳдат – Ёвон соли 2016 ба нақша гирифта шудааст.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти ҶТ хабар доданд, дар сохтмони ин иншоот анҷом додани корҳо дар қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон боқӣ монда, айни замон дар ин қитъа корҳо идома доранд.
Ба гуфтаи манбаъ, бо мақсади сохтмони қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон аз ҷониби Чин дар ҳаҷми қариб 72 млн. доллари ИМА қарз ҷалб шуда, ҳамчунин лоиҳа аз ҷониби воситаҳои ҳукумати Тоҷикистон низ маблағгузорӣ мешавад.
Қобили зикр аст, ки ахири ҳафтаи сипаришуда нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Хайрулло Асозода бо ҷараёни сохтмони қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон аз самти Ёвон шинос шуда, нахуствазир аз суръати корҳои сохтмон дар аксари қитъаҳо ва аз то ба ҳол таҳия нагардидани нақшаи тақвимии корҳо ва лоиҳаи харҷномаи умумии бунёди роҳ норозигӣ баён намуд.
«Ба нахуствазир маълумот додаанд, ки маблағгузории корҳои сохтмонӣ барои давраи муайян аз ҷониби фармоишгар пурра ба иҷро расида, вале дар ҷараёни азхудкунии он мушкилот вуҷуд дорад», - гуфтанд дар ҳукумати кишвар.
Ёдрас мекунем, ки сохтмони роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа соли 2009 оғоз гардид, ҳарчанд лоиҳаи сохтмони ин иншоот ҳанӯз соли 1967 таҳия гардида буд. Масофаи қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон 46,3 километрро ташкил медиҳад. Дар ин қитъа бунёди се нақб, панҷ пули бузург ва дигар иншоот ба нақша гирифта шудааст.
Дар Вазорати нақлиёт ҳамчунин зикр карданд, ки бо анҷоми сохтмони ин қитъа ба пайваст кардани роҳҳои оҳани дохили Тоҷикистон қадами аввал гузошта мешавад. Минбаъд роҳандозии ҳаракати воситаи нақлиёт тариқи роҳи оҳан миёни минтақаи марказ ва шимоли кишвар дар назар аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста