Бо мавриди истифода қарор гирифтани заминҳои боир (замини обии аз гардиши кишоварзӣ дурмонда) ба иқтисодиёти ноҳияи Қумсангир 42 миллион сомонӣ даромад шудааст.
Холмурод Раҳмонов, раиси ноҳияи Қумсангир дар ин робита мегӯяд, соли равон аз ҳисоби заминҳои боири ноҳия 1 ҳазору 156 га заминро ба гардиши кишоварзӣ даровардаанд.
«Дар ин заминҳо хоҷагиҳои деҳқонии инфиродии оилавӣ таъсис дода шуд, ки онҳо ба кишти пиёзу сабзӣ ва тарбузу харбуза машғул шуданд», - иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи Х.Раҳмонов, мувофиқи ҳисобу китоби идораи кишоварзӣ ва худи масъулони хоҷагиҳо, аз ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани ин заминҳо ба иқтисодиёти ноҳия ҳудуди 42 миллион сомонӣ даромад шудааст.
Зимнан зикр гардид, ки имсол кишоварзони ноҳия ба ҳар як сомонии хароҷоткардаашон тақрибан аз 2,5 то 3,7 сомонӣ фоидаи соф гирифтаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста