- Нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми интиқоли мбалағҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон начандон зиёд коҳиш ёфта, дар сатҳи нишондиҳандаи соли гузашта боқӣ монданд, - изҳор кард зимни нишасти хабарӣ раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Ширинов.
«Ман ба ифшои маълумоти мушаххас дар бораи маблағи интиқолшуда ба Тоҷикистон дар зарфи 6 моҳи соли равон ҳуқуқ надорам, вале ҳаминро гуфта метавонам, ки ҳаҷми коҳиш ҳамагӣ 2%-ро ташкил дода, коҳиши босуръати воридоти интиқоли маблағҳои пулӣ тибқи пешгӯиҳо ба мушоҳида намерасад», - иброз дошт А.Ширинов.
Ёдрас мекунем, ки дар зарфи 6 моҳи соли 2013 ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон 1 млрд. 678 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода буданд.
Тибқи натиҷаҳои семоҳаи аввали соли 2014 аз Русия ба Тоҷикистон тариқи низоми интиқоли маблағҳои пулӣ 644 млн. доллари ИМА маблағ ворид гардид, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 35,7 млн. доллари ИМА камтар аст. Ҳаҷми миёнаи интиқоли маблаги пулӣ низ аз 310доллари ИМА (семоҳаи аввали соли 2013) то 270 доллари ИМА (семоҳаи аввали соли 2014) поин рафт.
Қобили зикр аст, ки зимни нишасти матбуотӣ дар БДА «Амонатбонк» раиси ин бонк Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба рӯзноманигорон изҳор кард, ки нимсолаи аввали соли равон 288 млн. доллари ИМА маблағҳои пулӣ интиқол шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17% камтар буда, чунин вазъ дар тамоми низоми бонкии ҷумҳурӣ ба мушоҳида мерасад.
Ҳамчунин мебояд гуфт, ки ҳудуди 90%-и маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон аз Русия ва боқимонда аз дигар кишварҳои ИДМ ва саросари ҷаҳон ворид мегардад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста