То имрӯз ғаллакорони Тоҷикистон 545 ҳазор тонна ҳосили гандум ва дигар зироатҳоро ҷамъоварӣ намуданд, ки ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 30,9 сентнериро ташкил дод.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҶТ хабар доданд, имсол низ ҷамъоварии ҳосил дар сатҳи соли гузашта дар назар буда, барои ин тамоми шароитҳо мавҷуданд. Аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта 1,1 млн. тонна зироати ғалладона ҷамъоварӣ шуд, ки беш аз 900 ҳазор тоннаашро гандум ташкил дод. «Ба ҷамъоварии ҳосил 227 адад мобайн сафарбар шудааст», - гуфтанд дар вазорат.
Қобили зикр аст, ки имсол дар кишвар ба сурати умум дар майдони 292 ҳазору 822 гектар зироати ғалладона кишт шудааст.
Дар ҳамин ҳол, дар ҷумҳурӣ ҳамзамон кишти такроии зироати ғалладона идома дошта, аз майдони 74,7 ҳазор гектари пешбинишуда дар 57,1 ҳазор гектар кишти такрории ин зироат анҷом дода шудааст.
Тибқи дурнамо, имсол дар Тоҷикистон 1 млн. 300 ҳазор тонна ҳосили зироати ғалладона, аз ҷумла 890 ҳазор тонна ҳосили гандум ба даст оварданианд.
Қобили зикр аст, ки соли 2012 кишоварзони тоҷик дар ҳаҷми 1200 ҳазор тонна ҳосили зироати ғалладона ба даст оварданд. Соли 2012 дар ҷумҳурӣ 801,2 ҳазор тонна ҳосили гандум ҷамъоварӣ гардид, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2011 ба миқдори 74,3 ҳазор тонна камтар буд. Соли 2009 дар Тоҷикистон ҳосили баландтарини гандум ҷамъоварӣ шуд, ки 938,4 ҳазор тоннаро ташкил дод. Соли гузашта зироати ғалладона дар Тоҷикистон дар майдони 315,4 ҳазор тонна кишт шуда, 891,5 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ шуд.
Талаботи солонаи Тоҷикистон ба гандум 1,5 млн. тоннаро ташкил дода, аз ин ҳаҷм ҳудуди 70% аз Қазоқистон ворид карда мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста