Камбуди солонаи барқ дар Тоҷикистон тайи солҳои ахир аз 4,5 млрд. то 1,5 млрд. кВт/соат коҳиш ёфт.
Сардори хадамоти диспетчерии ширкати Барқи тоҷик Одинамаҳмад Чоршанбиев зимни нишасти хабарӣ дар ин робита гуфт, ин дар навбати аввал ба коҳиши ҳаҷми истифодаи барқ аз ҷониби КВД «Ширкати алюминии Тоҷикистон» вобаста буда, солҳои охир ТАЛКО ҳаҷми истифодаи барқро ба миқдори 60% кам кардааст.
Ғайр аз ин, идома дод Чоршанбиев, тайи солҳои ахир дар ҷумҳурӣ иқтидорҳои нав, аз ҷумла нерӯгоҳҳои Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2, Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ва як қатор иқтидорҳои нисбатан камтар ба кор даромаданд, ки ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли барқ ва мутаносибан коҳиши камбуди он мусоидат намуданд.
Намояндаи ширкат таъкид намуд, ки дар баробари ин ҳамасола талабот ба барқ дар Тоҷикистон ба андозаи 16-18% меафзояд. «Масалан, якчанд сол дар Душанбе шабонарӯзӣ 5 млн. кВт/соат нерӯи барқ истифода мешуд. Дар мавсими ахири тирамоҳу зимистон бошад, дар пойтахт шабонарӯзӣ ба ҳисоби миёна 16 млн. кВт/соат барқ масраф мегардид ва ин тамоил дар тамоми манотиқи кишвар ба мушоҳида мерасад», - иброз дошт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки нимсолаи аввали соли равон дар воҳидҳои зертобеъи ширкати «Барқи тоҷик» ҳудуди 6,8 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шуда, беш аз 6,7 млрд. кВт/соати он ба нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва ҳудуди 84 млн. кВт/соат ба марказҳои барқу гармидиҳӣ рост меоянд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста