Равуои воситаҳои нақлиёт байни вилояти Хатлону Ҷумҳурии Исломии Афғонистон коҳиш ёфтааст.
Бино ба гуфти муовини сардори раёсати гумруки вилояти Хатлон Исроил Шафиев, нимсолаи аввали соли равон шумори равуои воситаҳои нақлиёт ба воситаи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон 21 ҳазору 856 ададро ташкил додаст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 ҳазору 116 адад камтар аст.
Ин масъули раёсати гумруки вилояти Хатлон мегӯяд, аз ин миқдор 10 ҳазору 374 адад мошинҳои боркаш аз қаламрави кишвар ба хориҷ рафта, 10 ҳазору 764 адад ба кишвар ворид шудааст. «Ҳамчунин 353 адад воситаи нақлиёти сабукрав берун рафта, 365 адад ворид шуд», - иброз дошт ӯ.
Шафиев зикр кард, ки дар ин давра аз тариқи дидбонгоҳҳои гумрукӣ ба вилояти Хатлон 45 ҳазору 844 тонна маҳсулоти кишоварзӣ бо арзиши 10 миллион доллари амрикоӣ ворид шудааст.
«Дар давраи ҳисоботӣ гардиши умумии моли тиҷорати хориҷӣ дар минтақаи гумрукии вилоят 143,8 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 27,4 миллион доллари амрикоӣ ё худ 16% камтар аст», - қайд кард ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ гумрукчиёни Хатлон ба буҷети давлат 121 миллиону 575,7 ҳазор сомонӣ мабалғ ворид кардаанд, ки 108%-и нақшаи пешбинишударо ташкил додааст ва нисбати шашмоҳаи соли гузашта 11,5 миллион сомонӣи зиёд мебошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста