Агрегати №1-и нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» пурра аз таъмир бароварда шуда, дар 3 агрегати боқимонда корҳои таъмири ҷорӣ ба анҷом расонида шуданд.
Тавре аз ҶСК «НБО Сангтӯда-1» хабар доданд, тибқи нақша, корҳои таъмир моҳи марти соли равон оғоз гардида, ин корҳо дар нерӯгоҳ ду маротиба дар як сол – фасли баҳор қабл аз болоравии сатҳи об дар дарёҳо ва тирамоҳ пеш аз фарорасии мавсими сармо гузаронида мешаванд.
Зимнан зикр гардид, ки тамоми тадбирҳои таъмиру азнавсозӣ ба таъмини бехатариву эътимолнокӣ ва фаъолияти мунтазами нерӯгоҳ равона гардидаанд.
Қобили зикр аст, ки имрӯз (31-уми июл) аз замони мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» бо чор агрегат 6 сол пур шуда, то ин вақт дар нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» 11 млрд. 566 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шуд.
ҶСК «Нерӯгоҳи обӣ-барқии Сангтӯда-1» корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия аст, ки соли 2006 бо мақсади анҷоми сохтмон ва истифодаи минбаъдаи нерӯгоҳи обӣ-барқӣ дар рӯдхонаи Вахши Тоҷикистон таъсис ёфт. Иқтидори тавлидотии нерӯгоҳ 670 мегаватт арзёбӣ шудааст. Маблағи умумии лоиҳа зиёда аз 600 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, 25%-и саҳми он дар ихтиёри Тоҷикистон мебошад. Агрегати аввали нерӯгоҳ 20-уми январи соли 2008 ва 31-уми июли соли 2009 пурра чор агрегати нерӯгоҳ мавриди истифода қарор гирифтанд. Ба ҳиссаи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ҳудуди 12% аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи дар Тоҷикистон истеҳсолшуда рост меояд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста