Дар робита ба маълумоти интишоргардида дар чанде аз ВАО-и миллӣ бо истинод ба ширкати «Барқи тоҷик» оид ба қарздор будани «ТАЛКО» ба ширкат дар ҳаҷми ҳудуди 250 млн. сомонӣ, роҳбари департаменти иттилооти КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) Игор Сатторов изҳор намуд, ки ин маълумот ҳолати воқеъӣ дар ҳисобу китоб миёни корхона ва ширкатро таҷассум намекунад.
Аз ҷумла, Сатторов ишора дорад, ки бар асоси ҳисоббаробаркуниҳо, корхона ширкати «Барқи тоҷик»-ро ба маблағи ҳудуди 90 млн. сомонӣ бо мазут таъмин намуда, дар ҳаҷми 9 млн. сомонӣ корҳои насби генераторҳои газ дар дегхонаи шарқии шаҳри Душанберо ба иҷро расонидааст ва ҳамчунин дар ин ҳисобу китоб маблағи қарзи энергетикҳо ба корхонаи «Ноқили ТАЛКО» дар ҳаҷми наздики 30 млн. сомонӣ ба инобат гирифта нашудааст, ки ҳамаи ин аллакай қариб 130 млн. сомонӣ камтар аз маблағи зикршудаи ширкати «Барқи тоҷик» мебошад.
Сатторов хотиррасон менамояд, ки мутобиқи қарори ҳукумат аз моҳи марти соли 2013, барои истихроҷи ангишти хушсифат дар кони «Фон Яғноб» ба «ТАЛКО» ду қитъа – «Ҷиҷикрӯд» ва «Конте» ҷудо гардида, дар ин робита корхона уҳдадор аст, ки дар як сол ширкати «Барқи тоҷик»-ро бо 150 ҳазор тонна ангишт таъмин намояд, ки аллакай 5 ҳазор тонна ангишт ба ширкат фиристода шуда, 60 ҳазор тоннаи дигар барои кашонидан омода шудаанд ва инро ҳам ширкат бояд ба эътибор гирад.
Роҳбари департаменти иттилооти КВД «Ширкати алюминии тоҷик» илова мекунад, ки «ТАЛКО» барои дар дурнамои кӯтоҳмуҳлат пардохт кардани қарз ба ширкати «Барқи тоҷик» ҳам тариқи пардохти мустақим ва ҳам таъминот бо маҳсулот тибқи уҳдадориҳои давлатӣ аз тамоми имконот бархӯрдор аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста