Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ширкати Гленкоае АГ (Glencore International AG )--и корпоратсияи фаромиллии Гленкор аз давлатҳои Швейтсария ва Инглистон Эндрю Капланро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкорӣ барои истеҳсоли алюминии аввалия, коркарди минбаъдаи саноатӣ, тиҷорати байналмилалии он ва дар соҳаи саноати кӯҳкорӣ баррасӣ шуда, зикр гардид, ки ширкати Гленкоае АГ тасмим дорад, ки дар навсозии технологии КВД “Ширкати алюминийи Тоҷик” (ТАЛКО) саҳмгузор шуда, иқтидори истеҳсолии онро барқарор созад.
Корпоратсияи фаромиллии Гленкор ва ширкатҳои фаръии он ҳамчунин тасмим доранд, ки дар кори ба истихроҷ ва коркарди ашёи хоми ватанӣ гузарондани КВД “Ширкати алюминийи Тоҷик” фаъолона иштирок намоянд.
Корпоратсияи фаромиллии Гленкор инчунин иштирокдори фаъоли тендери байналмилалӣ барои кор дар Кони Мансур буда, азм дорад, ки дар истихроҷу коркарди захираҳои фаровони нуқра, мис ва дигар маъданҳои Тоҷикистон саҳм гузорад.
Қобили зикр аст, ки корпоратсияи Глинкор бо КВД “Ширкати алюминийи Тоҷик” аз соли 2007 ба ин сӯй ҳамкорӣ дорад ва кунун роҳбарияти он тасмим гирифтааст, ки доираи фаъолияти худро дар Тоҷикистон тавсиа бахшад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста