Ширкати ҳавопаймоии East Air тариқи лизинг як ҳавопаймои Airbus A320 дастрас намуд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ, дар ин бора бо яке аз шарикони туркӣ оид ба дастрас кардани ҳавопаймо шартномаи дарозмуҳлат ба имзо расидааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳавопаймо аз қайди амрикоӣ бароварда шуда, ба номи Тоҷикистон сабт шудааст. Ҳавопаймо бо рақами EY-624 ба қайд гирифта шудаааст. Макони ҷойгиршавии ҳавопаймо фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа буда, парвозҳо тибқи хатсайрҳои ширкати East Air-ро ба анҷом мерасонад.
Ширкати ҳавопаймоии East Air аз соли 2007 дар бозори Тоҷикистон фаъолият дорад. Айни замон ширкат парвозҳо аз фурудгоҳҳои шаҳрҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа ба шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Қазон, Новосибирск ва Оренбургро ба анҷом мерасонад. Парки ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои истеҳсоли Ғарб - Boeing 737 ва Airbus A320 иборат аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста