Санаи 5-уми август дар нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон - «Ҷумҳурият» Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» ба нашр расид ва аз ин ба баъд он мавриди амал қарор дода мешавад.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, аллакай барои татбиқ кардани қонуни номбурда маҷмӯи чорабиниҳои зарурӣ андешида шуда, ҷиҳати амалӣ намудани чорабиниҳои боло таҳияи санадҳои меъёрӣ барои танзим намудани кори ташкилотҳои қарзие, ки мехоҳанд дар асоси рукнҳои бонкдории исломӣ фаъолият намоянд, лозим аст.
«Дар ин ҷода байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд барои таҳияи санадҳои меъёрии зарурӣ оид ба татбиқи фаъолияти бонкии исломӣ ва ҷудо намудани як кӯмаки техникӣ (грант) машварату гуфтушунидҳо идома доранд», - омадааст дар иттилои хадамоти матбуоти БМТ.
Ба иттилои манбаъ, ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд бо Бонки исломии рушд имконият медиҳанд, ки гуруҳи мутахассисони яке аз ширкатҳои машваратии байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон санадҳои меъёрии заруриро барои дар амал ҷорӣ намудани фаъолияти бонкии исломӣ таҳия намоянд.
Ёдрас мекунем, ки моҳи майи соли ҷорӣ палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ қонун «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ»-ро қабул кард.
Тафовути аслии фаъолияти бонкии исломӣ аз фаъолияти бонки маъмулӣ дар он ифода меёбад, ки ин бонк бидуни пардохти фоиз қарз медиҳад, зеро тибқи қоидаҳои шариати ислом, даромад гирифтан аз қарз гуноҳ шуморида мешавад.
Дар фаъолияти бонкии исломӣ ба саҳмгузорон (амонатгузорон) низ фоиз пардохт карда намешавад, зеро ин ҳам гуноҳ аст. Зимни фаъолияти бонкии исломӣ танҳо дар сурате як ҳиссае аз даромад гирифта мешавад, ки агар ба даст овардани даромад аз қарзи додаи он оғоз гардад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста