Вазири нафти Эрон Бежан Номдор Зангана изҳор намуд, ки замони раҳбарии ҳукумати пешинаи Эрон Бобак Занҷонӣ беш аз 2,7 млрд. доллари ИМА-ро ба бонки сохтаи худаш дар Тоҷикистон интиқол додааст.
Бино ба иттилои хабаргузории «ИРНА» , вазир қайд кардааст, ки ин воситаҳоро Бобак Занҷонӣ бо имзои якчанд вазирон ва раиси Бонки марказӣ замони ҳукмронии Маҳмуди Аҳмадинажод гузаронидаааст.
Вазир таъкид доштааст, ки яккаву танҳо ин амалро роҳандозӣ кардан ғайриимкон буда, бар ин назар аст, ки дар ин кор ба Занҷонӣ собиқ мансабдорон кумак кардаанд.
Ёдовар мешавем, тоҷири маъруфи эронӣ Бобаки Занҷонӣ, ки сармояаш тибқи баъзе маълумот 13,8 млрд. $ арзёбӣ мешавад, рӯзи 31-уми декабри соли 2013 дар Эрон ба ҳабс гирифта шуд. Бино ба маълумоти ВАО-и Эрон, Занҷонӣ дороии худро аз фурӯши нафти хом тариқи ширкатҳои пинҳонӣ ба даст овардааст. Дар ин робита ИМА ва Иттиҳоди Аврупо тоҷири эрониро барои риоя накардани таҳримҳои ҷоришуда нисбати Эрон ба «рӯйхатҳои сиёҳ»-и худ шомил сохтанд. Б. Занҷонӣ соҳибкори муваффақест, ки 64 корхонаи ӯ дар кишварҳои Малайзия, АМА, Туркия, Ирон ва Тоҷикистон фаъолият доранд.
Дар Тоҷикистон Занҷонӣ ба ғайр аз "Kont Investment Bank" ҳамчунин соҳиби имтиёзи ширкатҳое чун "Asian Express Airline", Kont Buil-ding, "Asian Express" аст ва Терминали автобусҳои Душанбе ва Маркази тиҷоратии Душанбе аз тарҳҳои онҳо ба шумор мераванд.
Қобили зикр аст, ки зимни нишасти хабарии ҷамъбасти фаъолият дар соли 2013 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Шинринов дар мавриди ин масъала изҳор намуда буд, ки Бонки милли Тоҷикистон ба қазияи тоҷири маъруфи эронӣ Бобак Занҷонӣ ҳеҷ рабте надорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста