Дар муқоиса бо соли гузашта моҳи июли соли ҷорӣ истгоҳҳои тобеъ ба ширкати «Барқи тоҷик» ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқро ба миқдори 23 млн. кВт/соат кам карданд.
Бино ба маълумоти Маркази мониторинг ва огоҳкуни пешакии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, сабаби чунин вазъ коҳиши талаботи Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) ба нерӯи барқ мебошад.
Ба иттилои манбаъ, моҳи гузашта ҳаҷми умумии истеҳсоли барқ дар кишвар 1 млрд. 552 млн. кВт/соат ё худ ба ҳисоби миёна 50,1 млн. кВт/соат дар як шабонарӯзро ташкил додааст.
Зимнан зикр мегардад, ки моҳи июли соли равон ҳаҷми умумии истеъмоли нерӯи барқ дар саросари кишвар ба 1 млрд. 338 млн. кВт/соат расидааст, ки нисбат ба моҳи июли соли 2013 ба миқдори 79 млн. кВт/соат камтар аст.
«Моҳи июли соли ҷорӣ аз нерӯгоҳҳои «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» тариқи шабакаҳои 220 кВ ва 110 кВ ба Афғонистон 168,4 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 14,8 млн. кВт/соат зиёдтар буда, аз ҳаҷми умумии истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон ҳудуди 11%-ро ташкил медиҳад», - омадааст дар маълумоти марказ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста