Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид чанде қабл ҳайати тоҷирони эрониро таҳти сарварии президенти Палатаи савдо, саноат ва минералҳо (ICCIM)-и Ҷумҳурии Исломии Эрон Ғуломҳусайн Шофеъӣ ба ҳузур пазируфт.
Ҳайати Эронро ҳудуди 40 нафар намояндагони ширкату корхонаҳои бахшҳои саноати истихроҷи кӯҳӣ, истеҳсоли маҳсулоти ғизойӣ, масолеҳи сохтмон, кабелҳо, маҳсулоти саноати нафту кимиё, қубурҳои полиэтиленӣ, савдо, кишоварзӣ, асбобу лавозимоти рӯзгор ва ғайра намояндагӣ мекарданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи робитаҳои мутақобила миёни палатаҳо ва густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодии байни Тоҷикистону Эронро баррасӣ намуда, Шариф Саид таваҷҷуҳи меҳмононро ба ояндадору судманд будани сармоягузориҳои соҳибкорони эронӣ ба соҳаҳое чун истифодаи муштараки конҳои газ, гидроэнергетика, саноати истихроҷи маъдани кӯҳӣ, мошинсозӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, қолинбофӣ, нақлиёт ва алоқа, сохтмони роҳҳо ва коммуникатсия, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф ва сайёҳӣ ҷалб намуд.
Ғуломҳусайн Шофеъӣ ба масъалаи муҳим будани тавсеъаи минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ миёни кишварҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, аз ҷумла зикр кард, ки дар рушди робитаҳои корӣ масъалаи муколамаву робитаи мустақими доираҳои тиҷоратии ҳарду кишвар ҷойгоҳи махсус доранд. «Доираҳои тиҷоратӣ бояд дар бораи вазъи бозорҳо, бахшҳои саноат ва самтҳои тиҷорати мавриди таваҷҷуҳашон маълумоти саҳеҳу боэътимод дастрас карда тавонанд», - иброз дошт ӯ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста