Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои нозирони Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» дар Тоҷикистон қарор шуд, ки Фонд барои дастгирии 9 лоиҳа ба маблаги беш аз 3,7 млн. сомонӣ (ҳудуди 70 ҳазор $) қарзи имтиёзнок ҷудо мекунад.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, то санаи 1 августи соли 2014 ба “Фонди дастгирии соҳибкорӣ” бештар аз 123 лоиҳаи тиҷоратии субъектҳои соҳибкорӣ ворид гардидааст, ки ба шаҳри Душанбе - 5 адад, вилояти Суғд - 23, вилояти Хатлон - 5, ВМКБ – 19 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 25 адад рост меояд.
«Бо дарназардошти имкониятҳои молиявии Фонд ва ба талаботҳои қарзгирӣ ҷавобгӯ будан, дар ҷаласаи Шӯро 18 лоиҳаи аз нигоҳи иқтисоди афзалиятнок баррасӣ шуда, тибқи овоздиҳӣ 9 дархости субъектҳои соҳибкорӣ оид ба ҷудо намудани маблағҳои қарзӣ аз ҳисоби Фонд дастгирӣ карда шуд», - омадааст дар хабари Кумита.
Дар Кумита бар ин назаранд, ки чунин тадбирҳо ба рушди саноати истеҳсолӣ ва соҳибкорӣ дар кишвар кумак карда, баҳри таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти маҳаллӣ имкон фароҳам месозанд.
Ёдрас мекунем, ки Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» дар Тоҷикистон соли гузашта таъсис дода шуд. Шурӯъ аз оғози фаъолият Фонд ҳудуди 200 лоиҳаҳоро баррасӣ намуда, амалисозии беш аз 40-тои онҳоро бо ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнок аз буҷети давлатӣ ба маблағи умумии беш аз 35 млн. сомонӣ дастгирӣ кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста