Рӯзи 26-уми августи соли ҷорӣ зимни мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Қодири Қосим бо роҳбарони ассотсиатсияҳои соҳибкории Тоҷикистон раиси Кумита соҳибкоронро ба ҳамкорӣ даъват намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи мазкур, дар вохӯрии мазкур намояндагон аз 30 ассотсиатсия ва ташкилотҳое, ки дар самти дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ фаъолият доранд ширкат намуданд.
«Мақсади вохӯрӣ асосан аз ривоҷи ботадриҷи ҳамкориҳои мутақобила байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, омодагӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани мулоқоти президенти Тоҷикистон бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ иборат буд», - омадааст дар хабари Кумита.
Гуфта мешавад, инчунин дар доираи мулоқот омодагӣ ба Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе-2014 таҳти унвони «Соҳибкорӣ - муҳаррики иқтисодиёт”, ки дар нимаи аввали моҳи октябри соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, баррасӣ гардид.
Зимнан зикр мегардад, ки дар фарҷоми маҷлис Раиси Кумита ҳамаи роҳбарони ассотсиатсияҳоро ба ҳамкории судманд даъват намуда, иброз доштанд, ки таклифҳои худро ба таври хаттӣ асоснок намуда, ба унвони Кумита пешниҳод намоянд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста