Палатаи ҳисоби Тоҷикистон оид ба фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2014 ҳисобот интишор намуд, ки аз ҷониби шуъбаи тарҳрезӣ, таҳлил, методология, аудит ва робитаҳои байнулмилалии палата омода шудааст.
Бино ба иттилои сомонаи Палатаи ҳисоби ҶТ, ба ҷуз вазорату идора ва корхонаву муассисаҳои давлатӣ, фаъолияти намояндагиҳои ҶСК «Кӯлоб Петролиум» ва ҶДММ «Тетис Сервисез Тоҷикистон Лимитед» дар давраи солҳои 2007-2013 низ мавриди санҷиш қарор дода шуданд.
Гуфта мешавад, санҷиш бар асоси мактуби Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз 5-уми феврали соли 2014 гузаронида шудааст.
«Дар натиҷаи санҷиш аз ҳисоби рӯйпӯш намудани андозҳо дар фаъолияти ҶСК «Кӯлоб Петролиум» дар ҳаҷми 1 млн. 502,3 ҳазор сомонӣ ва дар фаъолияти ҶДММ «Тетис Сервисез Тоҷикистон Лимитед» ба маблағи 263,2 ҳазор сомонӣ зиёни молиявӣ ошкор гардид, ки дар ҷараёни тафтиш аз ҳисоби ширкатҳо маблағи 1 млн. 578,7 ҳазор сомониии зиён барқарор карда шуд», - зикр мегардад дар ҳисобот.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста