Имрӯз, ки Рӯзи авиатсияи граждании Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, бо иштироки президенти мамлакат терминали нави Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ифтитоҳ гардид.
Дар ин маросим ҳамчунин намояндагони сафоратхонаи Фаронса дар Тоҷикистон ва ширкати Vinsi S.A., ки ба сохтмони терминал машғул буд, низ ширкат варзиданд.
Дар назар буд, ки терминал моҳи декабри соли 2014 ба истифода дода мешавад, вале корҳо пеш аз муҳлат ба анҷом расида, тасмим гирифта шуд, ки терминал пеш аз муҳлат, то оғози кори нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе (11-12-уми сентябр) ба истифода дода шавад.
Сарфи назар аз имрӯз баргузор шудани маросими расмии ифтитоҳи терминали нав, он бевосита аз моҳи октябр ба фаъолият шурӯъ мекунад. То ин замон ҳайати шахсии кормандони терминал омода карда мешавад.
Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи декабри соли 2012 ширкати фаронсавии Vinci сохтмони терминали нави Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД)-ро дубора оғоз намуд.
Моҳи апрели соли 2009 миёни Тоҷикистону Фаронса оид ба сохтмони терминали нав дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Созишномаи байниҳукуматӣ ба имзо расида буд. Авввали соли 2010 корҳои сохтмони терминал аз ҷониби собиқ паймонкорони лоиҳа – ширкатҳои фаронсавии Alpha airport ва Sofema Group боздошта шуд.
Он замон муовини директори генералии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Азиз Иброҳимов дар ҷамъи рӯзноманигорон дар ин робита изҳор дошта буд, ки «сабаби мутаваққиф сохтани сохтмони терминали нав номутобиқатии меъёрҳои сохтмонии ҷонибҳо мебошад». Тибқи баъзе маълумот, он замон ширкатҳои фаронсавӣ ҷиҳати барқарор кардани корҳои сохтмонӣ маблағгузории иловагӣ талаб карда будаанд.
Моҳи октябри соли 2012 палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Протоколи молиявӣ миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Фаронса оид ба лоиҳаи сохтмони терминали нави ФБД аз 1-уми майи соли 2009 ва Созишномаи иловагӣ ба протоколи мазкур аз 29-уми июни соли 2012-ро тасдиқ кард.
Тибқи созишномаи иловагӣ, ҳиссаи Тоҷикистон дар сохтмони терминали нав аз 7 млн. то 19 млн. евро афзуд. Ҳиссаи Фаронса дар лоиҳаи мазкур бошад, дар ҳаҷми пешина – 20 млн. евро боқӣ мемонад. Аз ҷониби Фаронса ширкати Vinci паймонкори кулли сохтмони иншоот таъин шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста