Дар «Рейтинги глобалии рақобатпазирӣ» барои солҳои 2014-2015, ки аз ҷониби Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (World Economic Forum) мунташир гардид, миёни 144 кишвари дунё Тоҷикистон мақоми 91-умро ишғол кардааст. Дар рейтинги соли гузашта миёни 148 кишвар Тоҷикистон ҳузур надошт.
Дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Қазоқистон зинаи 50-ум ва Қирғизистон мақоми 108-умро касб кардаанд. Дар сархати рейтинги мазкур Швейтсария қарор дошта, аз паси он Сингапур, Шветсия, Финландия ва Нидерланд ҷойгир шудаанд. Олмон зинаи - 6, ИМА – 7, Британияи Кабир – 8, Гонконг – 9 ва Ҷопон – 10-умро ишғол кардаанд.
Русия тайи соли ахир 11 мавқеъ боло рафта, мақоми 53-юмро касб намудааст. Рейтинг ҳанӯз то буҳрони бузургмиқёс дар Украина таҳия гардидааст.
Мақоми кишварҳои дигар дар рейтинги мазкур чунин аст: Чин – зинаи 28-ум, Озарбойҷон – 38, Туркия – 45, Гурҷистон – 69, Украина – 76, Молдова – 82, Эрон – 83, Арманистон – 85, Муғулистон – 98 ва Покистон – 129-ум.
Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ рейтинги рақобатпазириро бо назардошти беш аз 110 нишондиҳанда, аз ҷумла зербино, самаранокии бозорҳои мол ва меҳнат, сифати бахши маорифу таълим, вазъи макроиқтисодӣ дар кишвар, ҷорӣ сохтани инноватсияҳо, рушди бозори молиявӣ ва ғайра таҳия месозад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста