- Фармони аз 1-уми октябри соли 2011 баимзорасида аз ҷониби президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» ба муҳлати се сол бешубҳа дар рушди Тоҷикистон нақши муҳим бозида, метавон гуфт, ки бахши хусусии иқтисодро, ки 93% аз ҳиссаи умумии иқтисоди миллии кишварро ташкил медиҳад, аз дигаргуниҳои ногувор наҷот бахшид ва дастовардҳои се соли ахири иқтисоди ҷумҳурӣ ба ин фармон робитаи зич доранд, - чунин ибрози андеша намуд ба «Азия-Плюс» узви Кумитаи иқтисод ва молияи палатаи поёнии парлумон, котиби Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков.
«Ба туфайли ин моратория тайи солҳои ахир тоҷирони тоҷик ба рушди бахши иҷтимоӣ, сохтмони роҳу бемористон ва мактабҳо сармоягузорӣ намуда, ба фаъолиятҳои сарпарастӣ машғуланд», - қайд кард вакил.
Ба гуфтаи ӯ, то мавриди амал қарор гирифтани мораторияи мазкур соҳибкорони тоҷик мунтазам ба парлумон дар бораи санҷишҳои беасоси мақомоти давлатӣ арзу шикоят мекарданд.
«Масалан, соли 2010 ба ман ҳамчун вакили мардумӣ як соҳибкор аз ноҳияи Фархор шикоят карда, изҳор кард, ки дар муддати як сол фаъолияташ чор маротиба аз ҷониби сохторҳои гуноугн мавриди санҷиш қарор гирифта, чор моҳ тоҷир ба рушди кори худ имкон надоштааст. Пас аз эълони моратория арзу шикояти соҳибкорон дар робита ба санҷишҳо бамаротиб кам шуданд», - зикр кард И.Талбаков.
Дар ҳамин ҳол, вакил бар ин назар аст, ки ҳукумат бояд таъҷилан амали ин мораторияро мавриди таҳлил қарор дода, сипас бо назардошти камбудиҳои ҷойдошта, президентро зарур аст, ки боз ин дафъа ба муҳлати панҷ сол мораторияи навбатӣ эълон кунад.
«Тоҷири машғули кор дар истеҳсолот имрӯз бояд бовар дошта бошад, ки бо пардохти андоз метавонад оромона бо рушди тиҷорати худ машғул бошад. Ман мутмаинам, ки моратория ба коҳиши мизони коррупсия дар ҷомеа, бунёди иқтидорҳои нав ва муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ дар кишвар мусоидат кард», - таъкид дошт номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста