Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати миллии энергетикии «Барқи тоҷик» ба дастрасии имконоти пурзӯри идоракунӣ дар бахши энергетика ва дар маҷмӯъ иқтисод ниёз доранд. Дар ин бора дар гузориши чанде қабл нашршудаи Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) таҳти унвони «Масоили калидии мавриди баррасии минбаъда дар бораи тарҳи пешниҳодии НОБ-и Роғун» маълумот дода мешавад.
Зикр мегардад, ки таҷрибаи байнулмилалӣ муҳим будани шаффофият ва устувории молӣ барои бахши энергетика ҷиҳати амалисозии лоиҳаҳои бузургмиқёсе чун нерӯгоҳи оби барқии Роғунро таҷассум месозад.
«Айни замон бахши энергетикаи Тоҷикистон ба сатҳи имконоти ниҳодӣ ва қобилияти молии ҳаётпазирӣ ҷавобгӯ нест», - чунин мешуморанд таҳлилгарони бонк.
Дар гузориш таъкид мегардад, ки ширкати «Барқи тоҷик» ба иллати тарифҳои доимо зиёновар, пардохтҳои ба таъхир гузошташуда ва талафоти зиёди фаннӣ, камбуди бузурги хазинаи давлатӣ (150 млн. $ ё худ 2% аз ММД дар соли 2013)-ро ба вуҷуд меорад ва аз ин рӯ, айни замон харидори боэътимоди барқ аз ҳама гуна лоиҳаи бузурги нерӯгоҳҳои оби барқӣ буда наметавонад.
Гуфта мешавад, соли 2013 ҳаҷми ҷамъоварии маблағ тибқи ҳисобҳои пешниҳодшудаи «Барқи тоҷик» ҳудуди 60% (76% бо шумули маблағҳои бидуни нақдӣ ҷамъоваришуда)-ро ташкил додааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки барои корхонаи муваффақи дар ин самт фаъолиятдошта ин нишондиҳанда ба 95% баробар аст. «Айни замон талафоти фаннӣ ҳудуди 18% аз нерӯи барқи тавлидшударо ташкил медиҳад», - қайд мешавад дар гузориш.
Коршиносон ҳамчунин зикр мекунанд, ки сарфи назар аз ноил гардидан ба баъзе пешравиҳо дар масоили ҳисоботи молӣ, «Барқи тоҷик» айни замон барои ба даст овардани эътимод миёни мизоҷони худ ва шарикони имконпазири тиҷоратӣ аз имконоти зарурӣ бархӯрдор нест.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста