Ҳукумати Тоҷикистон ба палатаи поёнии парлумон аз пардохти андоз аз арзиши изофа ва боҷи содиротӣ озод кардани воридоти таҷҳизот барои сохтмони меҳмонхонаи «Исмоили Сомонӣ» дар хиёбони Рӯдакии пойтахтро пешниҳод намуд.
Муовини раиси Кумитаи молия ва иқтисоди МНМО ҶТ Сафаралӣ Гулов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки маблағи умумии аз ин пардохтҳо озодшуда 7 млн. 627 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Вакил таъкид намуд, ки соли гузашта низ воридоти таҷҳизот барои сохтмони ин иншоот аз пардохти андоз аз арзиши изофа ва боҷи содиротӣ озод шуда буд, вале соли 2013 воридоти таҷҳизот сурат нагирифтааст.
Ба гуфтаи як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ, фармоишгари сохтмони меҳмонхонаи «Исмоили Сомонӣ» дар хиёбони Рӯдакии пойтахт Дастгоҳи иҷроияи президенти мамлакат аст ва ҷиҳати сохтмони он ҷудо шудани ҳудуди 37 млн. сомонӣ аз буҷети давлатӣ дар назар аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста