Аз аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ номгӯи хуроки мусофирон дар ҳавопаймоҳои ширкати «Тоҷик Эйр» такмил дода шуд.
Тавре котиби матбуотии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, номгӯи ғизо бо назардошти дархост ва пешниҳодҳои мусофирон таҳия гардида, хӯрокҳое, ки барои мусофирон пешниҳод мегардад ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ баробар карда шудааст.
«Ғизои пешниҳодшударо ҳайати комиссияи чошнигирӣ, роҳбарияти ширкат ва чанде аз ҳамкорони ширкат, ки бо ғизо сару кор доранд, санҷиданд. Муҳим он аст, ки миёни мусофирон дар рейсҳои қаблӣ назарпурсӣ гузаронида, бобати интихоби ғизо фикру мулоҳизаҳои онҳо ба эътибор гирифта шуд», - иброз дошт ӯ.
Ба қавли вай, аз рӯйи хулосаи назарпурсӣ дар парвозҳои ибтидои моҳи сентябр, маълум гардид, ки ғизои нав таҳияшуда ба мусофирони ҳамаи дараҷаҳо мақбул омадааст.
«Вобаста ба тағйири навъҳои ғизо хароҷот низ афзудааст, аммо ба нархи пештараи билетҳо тағйирот ворид нагардидааст. Барои мисол, хароҷоти якмоҳаи ширкат дар бахши ғизо алъон 323 280 долларро ташкил медиҳад, дар гузашта хароҷоти якмоҳа ба 265 106 доллар баробар буд. Хароҷоти яксола бошад ба 3 879 360 доллар баробар аст», - шарҳ дод номбурда.
М.Шодиев ҳамчунин зикр кард, ки ба номгӯи хӯрокҳо мурғи обпазшуда бо биринҷ, гӯшти дамдодашуда бо картошка, нӯшобаи «Добрый», хӯришҳои сабзавотӣ, гӯштӣ, равғани маска, мураббо, панири обкардашуда, майонез, қаҳва, шакар, қаймоқ ва карамел илова гардидааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста