Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ рӯзҳои 25-26 сентябр дар шаҳраки Ғарм доир ба масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои водии Рашт (Рашт, Нуробод, Ҷиргатол, Тавилдара ва Тоҷикобод) Анҷумани байналмилалии иқтисодии навбатиро дар мавзӯи «Водии Рашт – имкониятҳои рушд» баргузор менамояд.
Бино ба иттилои хадамоти матуботи Вазорати мазкур, мақсад аз баргузории чорабинии мазкур мониторинг, арзёбӣ ва ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои гуногуни дар минтақаи мазкур татбиқшаванда, баррасии рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои барномаҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои водии Рашт, ҷалби сармоягузориҳо ва муҳокимаи масъалаҳои беҳтар намудани шароит барои рушди соҳибкорӣ дар минтақаи мазкур мебошад.
Инчунин, дар доираи Анҷумани мазкур баргузории мизҳои мудаввар доир ба баррасии масъалаҳои рушди соҳибкорӣ (агробизнес, сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра), рушди иҷтимоии минтақа (маориф, тандурустӣ, баробарии гендерӣ ва ғайра) ва конференсияи илмӣ – амалӣ ба нақша гирифта шудааст.
Айни замон, ҳайати Кумитаи тадорукот оид ба баргузории Анҷумани байналмилалии иқтисодӣ дар водии Рашт аз ҷумлаи намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ таъсис ва Нақшаи чорабиниҳо доир ба омодагӣ ва баргузории чорабинии мазкур аз ҷониби Давлаталӣ Саид - Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста