Дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ корҳои таҳияи нишондиҳандаҳои буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2015 идома доранд.
Тавре аз Вазорати молияи ҶТ хабар доданд, тибқи маълумоти пешакӣ, қисмати даромади буҷети давлатӣ барои соли оянда дар ҳаҷми 15 млрд. 112,5 млн. сомонӣ пешгӯӣ мешавад, ки ба андозаи 8,7% аз ҳаҷми буҷети соли равон зиёдтар аст.
Қисмати хароҷоти буҷети давлатӣ барои соли оянда дар ҳаҷми 15 млрд. 376,6 млн. сомонӣ пешбинӣ мешавад. Дар ҳамин ҳол, чун солҳои қаблӣ қисмати асосии буҷет ба бахши иҷтимоӣ равона мегардад.
Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар соли 2015 дар ҳаҷми 52 млрд. 821 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Дар назар аст, ки даромади буҷет бидуни назардошти бурсҳо 12 млрд. 550 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 11,5 млрд. сомонӣ аз ҳисоби пардохтҳои андоз ворид мегардад.
Ёдрас мекунем, ки ҳаҷми умумии буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2014 дар ҳаҷми 13 млрд. 901 млн. 26 ҳазор сомонӣ тасдиқ шуда, даромади буҷет аз ҳисоби пардохтҳои андоз, ғайриандозӣ ва бурсҳо 11 млрд. 195 млн. 530 ҳазор сомониро ташкил дода буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста