Дар зарфи 6 моҳи соли 2014 тариқи низоми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон 1 млрд. 668 млн. доллари ИМА маблағ фиристода шудааст. Нимсолаи аввали соли 2013 ин нишондиҳанда ба 1 млрд. 677,7 млн. доллари ИМА баробар буд.
Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон – каме бештар аз 644 млн. ва семоҳаи дуюм – 1 млрд. 24 млн. доллари ИМА маблағи пулӣ фиристода шудааст.
Ҳаҷми миёнаи интиқоли маблағҳои пулӣ дар семоҳаи аввал – 270 ва семоҳаи дуюми соли ҷорӣ – 306 доллари ИМА-ро ташкил додааст.
Дар ин давра тариқи низомҳои интиқоли маблағҳои пулӣ аз Тоҷикистон ба Русия 254,1 млн. доллари ИМА маблағ интиқол дода шудааст.
Дар маҷмӯъ тариқи ин низомҳо дар ин давра аз Русия ба кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 8 млрд. 440,8 млн. доллари ИМА маблағ интиқол ёфтааст.
Тайи 6 моҳи соли равон аз Русия ба Ӯзбекистон – 2 млрд. 540,4 млн., Қирғизистон – 943,04 млн., Қазоқистон – 212,2 млн. ва Турманистон – 15,5 млн. доллари ИМА маблағҳо интиқол дода шудаанд.
Ёдрас мекунем, ки соли 2013 ҳаҷми умумии маблағҳои пулии аз Русия ба Тоҷикистон интиқолшуда 4 млрд. 154,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо натиҷаҳои соли 2012 ба миқдори 520,1 млн. доллари ИМА зиёдтар аст. Ҳаҷми миёнаи маблағи интиқолшуда дар соли гузашта 351 $-ро ташкил дода буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста