Давоми соли равон воридоти орду гандум ба Тоҷикистон қариб пурра аз Қазоқистон сурат мегирад.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Агентии омори назди президенти ҶТ хабар доданд, тайи моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 47 млн. $ ҳудуди 113,8 ҳазор тонна орд ворид шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи ҳаҷм қариб 10% ва аз рӯи арзиш тақрибан 15% камтар аст. Дар ҳамин давраи соли гузашта ба ҷумҳурӣ ба маблағи 55 млн. $ 126 ҳазор тонна орд ворид гардида буд.
Соли равон кишвари асосии воридкунандаи орд ба Тоҷикистон Қазоқистон маҳсуб ёфта, ба ҳиссаи он 113,5 ҳазор тонна аз ҳаҷми умумӣ рост меояд. Боқимонда 300 тонна орд аз Русия таҳвил дода шудааст.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Агентии омор, дар зарфи 8 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи 130 млн. $ 434,7 ҳазор тонна гандуум ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи ҳаҷм 20% ва аз рӯи арзиш 3% зиёдтар аст. Дар ҳамин давраи соли гузашта аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ ба маблағи 126 млн. $ 366 ҳазор тонна гандум ворид гардида буд.
Қобили зикр аст, ки аз ҳаҷми умумии воридоти гандум 434,4 ҳазор тонна аз Қазоқистон ва ҳамагӣ 300 тонна аз Русия интиқол дода шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста