Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии муовини вазир Саидраҳмон Назриев бо ҳайати бонуфузи Давлати Қатар таҳти роҳбари раиси Шӯрои директорони ҳолдинги Издон шайх Холид ибни Сонӣ оли Сонӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорат, дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, гузаронидани ҷаласаи навбатии байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар, мусоидат ба фаъолияти бонкҳо ва низоми қарздиҳӣ, алалхусус низоми бонкдории исломӣ, суғурта, бахши хусусӣ, сармоягузории лоиҳаҳои афзалиятнок ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Гуфта мешавад, дар охир тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд баён доштанд.
Қобили зикр аст, ки ҷаласаи нахусти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ моҳи октябри соли 2012 доир гардид.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми 8 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Қатар ҳамагӣ 55 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 2,5% камтар аст ва ҳамаи ҳаҷми савдо миёни кишварҳо дар соли ҷорӣ ба воридоти маҳсулоти Қатар ба Тоҷикистон рост меояд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста