Чанде қабл зимни вохӯрии нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо директори Корпоратсияи миллии нафту гази Чин (China National Petroleum Corporation, CNPC) Гуо Жэнсян масъалаи сохтмони корхонаи коркарди нафт дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» баррасӣ шуд.
Бино ба маълумоти расида ба «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо ба ҷараёни амалисозии лоиҳаи сохтмони ин корхона дар Данғара таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
«Корхона дар минтақаи озоди иқтисодӣ бунёд гардида, иқтидори он коркарди 1,2 млн. тонна нафт дар як солро ташкил хоҳад дод ва мавриди истифода қарор гирифтани он ахири соли 2015 пешбинӣ мешавад», - гуфтанд дар ҳукумат.
Қобили зикр аст, ки нияти сохтмони корхонаи коркарди нафт дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»-ро ширкатҳои чинии Dong Ying Heli Investment and Development Co. Ltd. ва China National Petroleum Corporation ҳанӯз ду сол қабл изҳор дошта буданд.
Нахуст ширкат маблағгузории 45-50 млн. доллари ИМА барои мавриди баҳрабардорӣ қарор додани хатти дорои иқтидори коркарди то 300 ҳазор тонна нафти хом дар як солро дар нақша дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста